Меню

Ғам

Ғам ҳама хурсандиҳоямро ба яғмо мебарад,
Шодию хушбахтиҳоямро ба дарё мебарад.
Оби дарё, бо ғами ман мешавад, дар ҳоли ҷанг,
Ӯ маро берун зи соҳил карда, паҳно мебарад.
Рӯйи дунё танг мегардад, бароям ҳар нафас,
Гар маро дунё барои васл ноҷо мебарад.
Зиндагони чашми манро кард, бо ғам ҳамнишин,
Ин ғаму дард зиндагиямро тамошо мебарад.
Ишқ дар дил шӯъла месозад, ба ҳар як рӯзи умр,
Офтоби ишқ умрамро ба савдо мебарад.
Гарчи умри Интизори бо ғаму дард шуд тиҳӣ,
Бахти нопайдои ӯ, ӯро зи дилҳо мебарад.