Меню

Бигуфтам, ки ҷафо кардӣ

Бигуфтам, ки ҷафо кардӣ, ҷафо, андар ҷафо бинӣ,
Зи сӯзи ишқ нолидам хато, андар хато бинӣ.
Ба зери дайри пурасрор, чи пинҳонкориҳо дидам,
Агар ман бевафо будам, вафо, андар вафо бинӣ.
Касе имдод, зи ман гар хост, ба кӯмак ҳозираш будам,
Ба зери кулбаи ғамбор, сафо, андар сафо бинӣ.
Чи исёнҳое, ки бо худ бикардам дур ман аз ту,
Ба дасти пурсахои худ, сахо, андар сахо бинӣ.
Биё ин дам ба паҳлӯям, азизам ёри дилҷӯям,
Ҳама он меҳрубониро ба чашмонам раво бинӣ.