Меню

Офтоби зиндагӣ

Офтоби зиндагӣ болои сар,
Мисли ғамҳоям тану ҷонам бисӯхт.
Кафтари иқболи ман дар арш ҳам,
Аз паридан боз монду,оҳ, гуфт:
“Оҳ! Аз дасти ту ғам вайронаям,
Ҳам ғарибу бекасу парвонаям.
Дар хароботи хазини қисматам,
Рӯйи роҳи зиндагӣ овораям.
Ғам бисӯхт болу парам, ҳам ҷисми ман,
Нолаи зорам, зи арш берун бишуд.
Қисмати шӯридаям дар рӯйи роҳ,
Бо хасу хори раҳам ҳампар бишуд.
Ғам биё берун бишав аз кулбаям,
Ин тани Зебои нозатро масӯз.
Рӯйи роҳи зиндагӣ ҳар рӯзи умр,
Интизор чун булбули белона сӯхт. “