Меню

Ту медонӣ

Ту медонӣ, ки ҳар шаб ман, зи ишқат боз бедорам,
Ҳама дарду ғами ҳиҷрони ишқатро ба сар дорам.
Ту медонӣ, ки дур аз оғӯши гармат ба мисли бод,
Ҳаме саргаштаю Лайло, зи дарди ишқ сарсонам.
Ту медонӣ, ки дунёям, бе ту тангу торик аст,
Ту медонӣ, ки шабҳоям бе ту сарду фориғ аст.
Ту медонӣ, ки ҳар маҳфил бе ту нест гулистоне,
Ту медонӣ, ки рӯйи бистари танҳоиям имшаб,
Зи ҳаҷрат боз бедорам, кунун ман сахт беморам.
Ту медонӣ, ки дунёи маро шаъму гулистонӣ,
Ту медонӣ самои хонадонамро ту боронӣ.
Ту медонӣ, ба қалби хастаи ман ёр,
Ту дармонӣ, ту армонӣ, ту султонӣ!
Ту медонӣ барои бо ту дар гулзори ишқ будан,
Чӣ қадр ман дар азоби ишқ дармондам.
Аз ин ру аз ғами дурии ту, эй ёр,
Зи ҳаҷрат ашкборонам, ҳаме бо чашми гирёнам,
Ба рости сахт пазмонам, туро ҳар лаҳза пазмонам!