Меню

Зан агар хоҳад

Шоҳроҳи умри ман бо шодиву бо ғам бувад,

Бо ҳама шодиву ғамҳо ҳар замон равшан бувад.

Ман бинозам ҳар замон, ки зан ато кардааст маро,
Зан, ки худ як тоҷу тахту давлату имон бувад.
Зан гаҳе мегиряд, аз дарду ғами фарзанди худ,
Шукр месозад, ҳамеша бо ғами пайванди худ.
Гоҳ мекобад, барои тифли худ як пора нон,
Гоҳ биболад, бо хушӣ андар тӯйи фарзанди худ.
Лек зан пуртоқат аст, тоқат бисозад ҳар замон,
Бо ҳама дарду азими ҳарду даҳри бекарон.
Шукри шодӣ, шукри ғам месозаду ҳар лаҳзае,
То ки бошад, тифлаконаш аз ғаму дард дар амон.
Ман бихоҳам ҳеҷ гоҳе чашми зан гирён мабод,
Аз ҳама ғамҳои олам ашки ӯ резон мабод.
Ашк агар ҷори бигардад, пас бувад аз шодиҳо,
Дар талоши зиндагонӣ бехуди сарсон мабод.
Марди хуб занро ҳамеша тоҷ бар сар мекунад,
Зиндагияшро ба мисли мушку анбар мекунад.
Доманашро аз муҳаббат савсани тар мекунад,
Зан ҳаёти мардро дар арш минбар мекунад.
Пас бидонед қадри зан, эй мардҳои меҳрубон,
Зан агар хоҳад Шуморо шоҳу чокар мекунад.