Меню

Баҳор мерасад

Баҳор мерасад, биё маро зи нав садо бикун,
Ту, эй фариштаи дилам маро ба худ адо бикун.
Ту навбаҳори қалби ман далели зинда буданам,
Дар ин баҳори сабзпӯш, биё маро даво бикун.
Баҳор мерасад кунун, тамоми даҳр сабздом,
Бидида гулрухонро, ҳаме ба ишқи худ ғулом.
Баҳор мерасад, биё маро ба ишқ банда кун,
Бишин ба хонаи дилам, барои ман ту ханда кун.
Ту навбаҳори шеъри ман, арӯси Наврӯзи манӣ,
Тамоми ин умри маро, гаҳе рақибу ҳамдамӣ.
Биё баҳори қалби ман, маро зи нав садо бикун,
Ба шодиҳои ин дилам, маро ту ҳамнаво бикун.