Меню

Ид муборак

Бигӯянд, мардҳо ин шаҳсутуни хонадони мо,
Сафои рӯзгору қалби пур меҳру вафои мо.
Дили шоду бузурги мард, агар дар хонадоне ҳаст,
Диҳад қувват ба ҷисми хастаю руҳу равони мо.
Аё, эй мардҳои меҳрубон идат муборак бод!
Аё, эй шаҳсутуни хонадон идат муборак бод!
Ҳаёти зан, агар бо мард хуш бошад, гувороест,
Тамоми шодиҳои даҳр ҳам тахту таманноест.
Суруди ишқ танинандоз бошад, гирди хони ӯ,
Барояш дар ҳама дунё хуш асту боз волоест.
Аё, эй мардҳои марди даврон ид муборак бод!
Сафобахшандаи нерӯю дармон ид муборак бод!