Меню

Тарки домонам макун

Гуфти: Мирам дар вафоят, тарки домонам накун,
Мешавам ман ҳамнавоят, тарки домонам макун.
Қиссаи ишқи ману ту гашт дарди дилгудоз,
Бар ҳама дардҳо давоят, тарки домонам макун.
Гуфти, бе ту зиндагиям мисли шоми бечароғ,
Шоми хони пурсафоят, тарки домонам макун.
Ҳастии худро бикардам, сарфи умру ишқи ту,
Ту сафои рузгорам, тарки домонам макун.
Умр агарчи ҳаст ширин, ту баром ширинтарӣ,
Умри ширинам фидоят, тарки домонам макун.
Гуфтам, охир Интизори тарки ин дунё кунад,
Гуфти: Ман мирам барояш, тарки домонам макун.
Гуфтам охир нест осон, тарки ин дунё баром,
Гуфти: Ҳасти беҳтаринам, тарки домонам макун.
Гуфти: Ҷонам, Интизорам, ҳастиям ин ишқи ту,
Пас ту ҳам, эй дилнишинам, тарки домонам макун.