Меню

Интизорӣ

Зи боби ишқи ту ҳардам, сухан такрор мегӯям,
Ба умеде, ки боз ойи ҳама шаб роҳ мепӯям.
Наи ин дам канори ман, манам чун хор пажмурда,
Агар ои канори ман, зи нав дар боғ мерӯям.
Канори оғӯши гармат будам хушбӯй садбарге,
Кунун аз дурии васлат мисоли хори бадбӯям.
Пас аз ин қадр дарду бевафоиҳои ин дунё,
Нахоҳам як сухан аз баҳри ишқат ёр бад гӯям.
Садои ҷонгудози қалби зорам бишнави он дам,
Агар боре биёӣ бар тавофи турбати кӯям.