Меню

Маро ин дарди фарзанд мекушад

Маро ин дарди фарзанд мекушад, имрӯзҳо сад бор,
Ба зери чархи даввор мебарад, имрӯзҳо сад бор.
Гаҳе дилсарди олам мекунад, гоҳе маро гирён,
Маро аз давру даврон мебарад, имрӯзҳо сад бор.
Қалам дар дасти ман ҳар рӯз месӯзад, ба мисли шамъ,
Дили дар тобу табро мекушад, имрӯзҳо сад бор.
Азизон аз Худо умеди шифое талаб дорам,
Ки охир ин ғаму дард бехудои мекушад, имрӯзҳо сад бор.
Ба ёдам мисраҳои шоире омад, ки мегӯяд:
"Ки одам заҳри одамро бигирад"-ин ҳақ аст, сад бор.