Меню

Амри тақдир буд

Агар тақдир маро аз ту ҷудо созад,
Саропои маро бемуддао созад.
Сиришки дидаамро ғамбаҳо созад,
Бубахш манро азизи ман, бубахш ин амри тақдир буд,
Бубахш, эй хастию ҷонам, ки умрам пой дар гил буд.
Агар дунёи ахтарбори ман бе ахтаре гардад,
Самои офтобиям пур аз гарду паре гардад,
Тамоми зиндагониям пур аз шӯру шарар гардад,
Бубахш манро азизи ман, бубахш ин кори тақдир буд,
Маро он ишқи поки ту, ҳамеша дар дилу дил буд.
Агар рӯзе маро аз даҳр марг чун аз ту дур созад,
Ба дарёи муҳаббатҳо басо, ки сарнагун созад.
Туро дар кӯйи ишқ бар дарду ғамҳо вожгун созад,
Бубахш манро азизу дилнишини ман, ҳама ин кори тақдир буд,
Бубахш, эй ҷони-ҷони ман бубахш, ки ҳастиям дил буд.