Меню

Шеърҳоям нотамоман

Шеърҳоям нотамоман, нотамому дилгаронан,
Аз ғами дарди замона, дар фиғонам, дар фиғонам.
Кам бимондаст меҳру шафқат андарин рӯйи замон,
Меҳри фарзандӣ қариб гаштаст, дар даҳр тамом.
Бар падар раҳми писар кам гаштааст,
Аз ғаму дарди падарҳо ҳар замон,
Дилгаронам, дилгаронам, дилгарон.
Қадри модарро надонад, гоҳ писар,
Кори ӯ бебаҳра гардад беамал.
Ҳар касе аз як дуояш дур монд,
Мешавад ҳамчун дарахти бесамар.
Аз барои модарони шаҳдкалом,
Дар фиғонам, дар фиғонам, дар фиғон.
Кош фарзанд ошёни модарро,
Ҳам дилу пайванди шоди падарро.
Гулфишону хонаободаш кунад,
Рӯйи даҳр бо меҳр бунёдаш кунад.
Аз ғами ҳар модарону падарон,
Интизор ҳаст доимо андар фиғон,
Дар фиғонам, дар фиғонам, дар фиғон!