Меню

Дарди ишқ

Агар рӯзе, зи дарди ишқ, фиғону нолаҳо созам,
Ба зери чархи каҷрафтор, зи қисмат шикваҳо созам.
Вуҷудамро бисӯзад ишқ, маро аз даҳр бурун созад,
Мани девонаи дар ишқ, боз ёди ту месозам.
Агар дар ишқ, рӯзи хуш набинам нест, ҳеҷ боке,
Зи гулзори муҳаббат, гул начинам нест, ҳеҷ боке.
Ба мисли Лайлӣ, аз коми висоли ишқ нагардам шод,
Мани девонаи ошиқ, боз ёди ту месозам.
Маро қисмат, агар аз ту ҷудо созад намеранҷам,
Ба дашту кӯҳу хомун сарнагун созад, намеранҷам.
Кунам ҷонро фидои ишқ, агар лозим шавад, он дам,
Мани саргаштаю ошиқ, боз ёди ту месозам.