Меню

Падар

Ҷон падарҷон бар мазорат дидагирён омадам,
Бо ду чашми ашкбору синабирён омадам.
Рӯзи зодрӯзат набошӣ, ин замон дар хонаат,
Ман ба хонат бо муҳаббат боз меҳмон омадам.
Бар мазорат дида дӯхта дидаам хун мешавад,
Он ҳама дарду ғами ман боз афзун мешавад.
Ҳар замон ёди ту дорам, эй ҳама дунёи ман,
Дафтари ашъори ман аз дарду ғам пур мешавад.
Сарвари воломақомам, нури имонам падар,
Дилпазири беназирам нури чашмонам падар.
Сарвату ганҷинаам буди ҳама ганҷам бирафт,
Баъди маргат ҷон падарҷонам, падарҷонам, падар.
Рӯйи дунё бо вафотат сарду торик гашт ба ман,
Зиндагонӣ аз барат бе моҳу махфил гашт ба ман.
Баъди маргат шодиҳоям, ҳамчунин бар хок рафт,
Саҷдагоҳам, қиблагоҳам, ҷон падарҷонам падар.