Меню

Бубахш модар

Бубахш модар, агар боре зи домонат шудам дур,
Ба қалби хастаат кардам, басе шур.
Зи чашмони хазину интизорат,
Агар ман нури онро кардаам дур,
Бубахш модар, бубахш модар, бубахшо.
Суруди аллаят рухам ато кард,
Маро дар зиндагӣ аз нав ба по кард,
Бикард чун қомати манро ӯ боло,
Бароям меҳри шавқатро адо кард.
Бубахш модар, агар рӯзе зи нодонӣ,
Ба сӯят бо ситеза ман сухан гуфтам.
Гаҳе чун омадам, ман рӯйи хони ту,
Зи дарду ранҷҳои зиндагӣ бо сад алам гуфтам.
Бубахш гар дарди қалбатро дучанд кардам,
Туро ман аз ғами худ дилбазан кардам.
Саропои туро аз дардҳои худ,
Ҳамеша дидаат ашкбору бо ғам пайванд кардам,
Бубахш модар, бубахш модар, бубахшо.
Дигар ман духтари хуштолеи ту нестам модар,
Ҳамеша ханда бар лаб, шур бар дил нестам модар.
Вуҷудам сар ба по дарду алам, аз доғи ин рӯзгор,
Дигар ман шӯху бепарво ба дунё нестам модар.
Аё модар бубахш гар лаҳзае дур аз барат будам,
Ба он рӯзҳои беморӣ, ки дур аз бистарат будам.
Дуои ту барои ман, зи ганҷи оламе болост,
Агар як лаҳзае ман шоми нурборе, ба болои сарат будам,
Бубахш модар, бубахш модар,
Бубахш дур аз барат будам!