Меню

Ба қалби хастаи ошиқ ту дармон шав

Дилам аз дарди ҳиҷронат ба фарёду фиғон омад,
Ғаму дардҳои танҳои ба ҷон омад, ба ҷон омад.
Хумори дидани рӯят маро, ки бар миён омад,
Ту ҳам, эй ёри ҷони ман биёву марҳами ҷон шав.
Ба қалби хастаи ман ёр ту дармон шав, ту дармон шав.
Маро ин дарди дурият бурун аз даҳр месозад,
Зи ҳаҷри носабурият басо пурдард месозад.
Зи дарди ишқ қалбамро басе, ки пора месозад.
Биё ин дам азизи ман ба қалби ман ту армон шав,
Ба қалби хастаи ман ҷон ту дармон шав, ту дармон шав.
Симои ишқхоҳи ту зи ёди ман нарафтаст ҳеҷ,
Муҳаббатҳои оташбори ту дар бистари умед,
Нигоҳҳои шифоангез аз дарди муҳаббат ҳам,
Биё, эй беҳтарини ман, ба ҷони ман ту ҳам ҷон шав,
Ба қалби хастаи ошиқ ту дармон шав, ту дармон шав.