Меню

Ту биё

Ту биё ин зиндагиямро, зи нав,
Мисли офтоб шӯълаафшонаш бикун.
Мисли шоми моҳтоб бо ахтараш,
Ту ҳамеша нурборонаш бикун.
Ту биё, эй ҳамнафас, эй ёри ман,
Эй азизу бовафо дармони ман.
Ту биё фасли баҳорон, то зи нав,
Зиндагиямро гулафшоне кунад.
Ту биё бар бистари танҳою сард,
Ишқро бар гармии ҷонам кунад.
Эй вафодору сазовори дилам,
Ту биё дармони қалби ман бишав.
Дар набарди зиндагониям ба ман,
Ту ҳамеша марҳами ҷонам бишав.
Бо ту дунёям, зи нав гул мекунад,
Фасли сарди тарки манзил мекунад.
Дар самои хонаям офтоби ишқ,
Шӯълаҳояш шаъми маҳфил мекунад.
Ту биё ҳамболу парвозам бишав,
Ту биё шаҳбайти овозам бишав.