Меню

Савти баҳор

Савти баҳор мерасад, дил дар талоши зиндагӣ,
Нағмаи тор мерасад, дил дар талоши зиндагӣ.
Умр ҳам мисли ин баҳор меҳмон бошад, баҳри мо,
Дил бо ҳама шодию ғам, боз дар талоши зиндагӣ.
Эй навбаҳори шеъри ман, парастуи хаёли ман,
Манро, ки боз мекушад, нозу итоби зиндагӣ.
Дил мисли лолаи баҳор, хунбор шуд дар рӯйи роҳ,
Ҳар қисмати талхи маро, бошад баҳори зиндагӣ.
Он орзуҳои дилам, мисли гули пажмурдаест,
Дар синаам нуҳуфтааст, бошад давоми зиндагӣ.
Эй зиндагӣ хандон бош, баҳор биёмад бар дарат,
Умри дурӯзаи ҳаёт бошад, паёми зиндагӣ.