Меню

Ба рӯзи вопасин рӯзи ҳаётам

Ба рӯзи вопасин рӯзи ҳаётам,
Ту меоӣ барои хайрбоди ман.
Зи байни издиҳом бо чашми ҳуснангез,
Ту ҷӯён мешавӣ чашми тари ман...
Вале афсӯс пайдоям нахоҳи кард!
Ту меоӣ барои хайрбоди ман,
Агарчанде ман он гаҳ сарду хомӯшам,
Дигар бар оғӯши гармат намеоям,
Бароят аз муҳаббатҳо нахоҳам гуфт.
Вале ту меҳрубонам бош, ту ёри дилситонам бош!!
Бишин дар рӯйи болинам,
Агарчанде ба чашмони хумориям, наметонӣ назар созӣ,
Дигар он шӯълаи ишқро, зи чашмонам нахоҳи ёфт,
Бимон дастони худ болои дастонам, ки онҳо сард гардиданд,
Басо пурдард гардиданд.
Ва шояд он замон манро ту дар худ дарк хоҳи кард.
Бароям ашкҳои зор марез ҳаргиз, ман охир тоқати онро надорам ҳеҷ.
Суруди хайрбоди ишқи манро хон,
Маро бар худ адо бинмо, вуҷудам бебаҳо бинмо.
Бароям ашк марез аз ғам,
Макун ҳар рӯзи худ мотам.
Ту охир худ медонӣ, чи қадр хушбахти дунёӣ,
Ки ишқатро зи худ ҳеҷ гоҳ накардам ман раҳоӣ.
Ту меоӣ барои хайрбоди ман,
Пас он дам ту суруди хайрбодам хон,
Суруди хайрбодам хон!