Меню

Ҳазорон шукр мекардам

Чу дунёят, агар донам басо рангину зебоест, 
Мисоли шоми ахтарбор, ҳар шомат гуворест.
Сутуни хонадонат ҳаст побарҷою тиллоест, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агар донам, ки дар рӯйи замин хушбахту хандонӣ, 
Садои хандаи тифлони беғаш дар баҳорат ҳаст, 
Агар донам азизе ҳаст, дар бар бо муҳаббатҳо, 
Намояд меҳрубониҳо ба ҷои ман дар ин дунё, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агар дар мисраи шеърат диҳи ҷой номи Зебоят, 
Барои интизориҳои васл маҳбуби яктоят. 
Агар донам, ки умрат мисли номи ман ҳаме зебост, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агарчи дар канорат дур ман ғамгину рухзардам, 
Ба кулвори ғаму ҳасрат ба озору гаҳе дардам. 
Агарчи бе манам бошию, боши шоду хушнуде, 
Барои шод буданҳои ту ҷонам, ҳазорон шукр мекардам, 
Ҳазорон шукр мекардам!