Меню

Барои қисмати худ...

Барои қисмати номарди худ ман шикваҳо кардам,
Даруни бистари сардам, зи ҳаҷрат гиряҳо кардам.
Надонистам, ки умри ман ба ин сон хор мегардад,
Барои бахту тақдирам худамро, бас гадо кардам.
Худамро бовафо кардам, худамро пурҷафо кардам,
Ба роҳи зиндагониям, худамро ман адо кардам.
Бисӯхтам мисли шамъ ҳар дам, зи сӯзам оташе бархост,
Гаҳе худро ба дунболи сазою носазо кардам.
Аз ин афсонаҳои бофтаи рӯйи ҳаёти хеш,
Чу лозим шуд, ба тавре ман худамро камнамо кардам.
Зи дарди зиндагониям, ҳамеша чашми тар доштам,
Ман ин ашкони хешро пеши пойи ишк ато кардам.
Магар кори хато кардам? Чи кори носазо кардам?
Барои қисмати номарди худ ман гиряҳо кардам.