Баҳор
Субҳи Наврӯз бар машомам накҳати гул оварад,
Ин ҳама дил беқарориро, зи ман ӯ мебарад.
Офтоби бахти ман, бо омади Наврӯзи сол,
Шӯълаафшони бикарда, гармии ишқ оварад.
Сабзаи Наврӯз қад афрохта дар кӯҳу дара,
Бар гӯши ман мерасад, овози шӯхи шаршара.
Савти шӯхи андалеб аз шохсору буттаҳо,
Ҳар замон бар хонадонам шодиҳо меоварад.
Эй баҳори нозанинам ту биё бар даргаҳам,
Боз гулафшон кун самоямро, бубар сӯзу табам.
Интизор аз омадат, ҳар лаҳзахо илҳом гирифт,
Ишқ месозад дигаргун ҳастию рӯзу шабам.
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - инстаграм накрутка