Меню

Вақти рафтан ту хамӯшу ман хамӯш

Вақти рафтан ту хамӯшу ман хамӯш,
Зиндагӣ гӯё ҳаминро интизор,
Доманамро сар надодӣ, он замон,
Гуфтӣ: "Бо ту зиндагиям пуршарор!"
Дарди ишқ манро, ки боз девона кард,
Назди соҳил боз маро парвона кард.
Бори аввал назди он соҳил ду тан,
Қиссаи ишқро ба ман афсона кард.
Баъди ман ту назди он соҳил биё,
Ёди ишқи пуршарори ман бикун,
Шоядо қисмати маро бо ту дигар,
Назди соҳил ҳеҷ насозад рӯ ба рӯ.