Меню

Зиндагӣ кам-кам дигар умри маро кам мекунад

Зиндагӣ кам-кам дигар умри маро кам мекунад,
Ҷилваи ишқ бо муҳаббатҳо ба ман зам мекунад,
Сӯхтан, дарду фироқ, аз ҳаҷри ёри хушдилам,
Рӯйи дунё чашми ман, ҳар лаҳзаҳо нам мекунад.
Дар ҳаёти пуршаётин дидаам ман дарди ёр,
Дарди ишқро дар вуҷудам, боз ҳамдам мекунад.
"Шикваи беҳуда, эй оқил чаро?"- гуфтанд, агар..
Шикваҳои ман, маро дар даҳр ғамбар мекунад.
Қисмати инсон, агарчи бо ғаму дард аст, вале
Ишқ ғаму дардро ба кӯяш, бас ширинтар мекунад.
Интизори рӯйи дунё, ҷуз алам чизе надид,
Ҳасрати доғи алам дар сина чокар мекунад.