Меню

Гуноҳамро намедонам

Дилам селобаи хун шуд,
Вуҷудам сар ба домун шуд.
Ба мисли абрҳои пораи осмон,
Ҳама умрам парешун шуд, парешун шуд.
Вале дар сарнавишти талхи зори худ,
Гуноҳамро намедонам, гуноҳамро намедонам.
Агарчи қисмати талхам, ба кӯйи ҳасрату дардам.
Маро аз ту ҷудо созад, ҳаётам пурҷафо созад.
Вале дар кӯйи хостанҳои зори худ,
Гуноҳамро намедонам, гуноҳамро намедонам.
Нагӯ, ки пургуноҳам ман, азизи пурҷафоам ман.
Дар ишқат бевафоям ман, ғубори чангу оҳам ман.
Агарчи ҳастиямро ман ато кардам, ба пои ту,
Гуноҳамро намедонам, гуноҳамро намедонам.
Гуноҳамро намедонам, ки ишқат тоҷи сар кардам,
Ҳама ғамҳо ба дар кардам,
Зи ишқи пурҷафои ту, ки дунёро хабар кардам.
Чи қадр андеша месозам, вале бозам ба кӯйи ишқ,
Гуноҳамро намедонам, гуноҳамро намедонам.