Меню

Бимон ман сӯзаму гирям

Бимон ман сӯзаму гирям, зи ишқи бебарори худ,
Ба зери чарх даргирам, зи ишқи бебарори худ.
Барам оҳу фиғони ишқро, то Каҳкашон ин дам,
Бимон ман беҷазо мирам, зи ишқи бебарори худ.
Ба ҷурми ин ҳама сӯзҳо, азоби талхи ҳиҷронҳо,
Бубахшам ман хатоятро, ҳама ҷабру ҷафоятро, дили дардошноятро.
Бимон ман тарки дунёи ту созам,
Ба зери хок, гардам хок, зи ишқи бебарори худ.
Дар ин даҳри ғамолуди ғамофар, рӯйи ин дунё,
Бимон ман гиряҳо созам, зи ишқи бебарори худ.
Ба ҷурми хок гаштанҳо, ба ҷурми нола сохтанҳо,
Бубахшам ман хатоятро, дили дардошноятро, ҳама ҷабру ҷафоятро.
Бигуфтӣ: "Дӯст медорам, туро, эй ёри зебоям,
Ба ишқат саҷда меорам, аё маҳбуби яктоям".
Бимон аз ҳаҷри дурият, висолу ҳам сабурият,
Бигирям шикваҳо созам, зи ишқи бебарори худ.
Ба зери бори ҳиҷронҳо, азобу дарду армонҳо,
Бубахшам ман гуноҳатро, хатоятро, ҷафоятро, дили дардошноятро.