Меню

Зиндагӣ

Зиндагӣ бо ту мунаввар мешавад,
Гоҳ бароям шаҳду шакар мешавад.
Гоҳ ба мисли як гулистони баҳор,
Гоҳ ба мисли савсани тар мешавад.
Зиндагӣ бо ту баҳори сабзҷон,
Зиндагӣ бо ту умеду ормон.
Зиндагӣ дунёи ҳастию вафо,
Зиндагӣ дунёи бахти бекарон.
Зиндагӣ бо ту бароям орзуст,
Зиндагӣ сарчашмаи бахту накӯст.
Зиндагӣ гоҳ мекунад хушбахт маро,
Мекунад гоҳ бо ғаму дард рӯ ба рӯ.
Зиндагӣ бе ту маро дарду ғам аст,
Зиндагӣ бе ту ба мисли баҳман аст.
Зиндагӣ сарчашмаи дунёи ман,
Бе ту ҳар як шоми ман бе ҷавшан аст.
Ту биё ин зиндагӣ гулзор шавад,
Шоми торики дилам нурбор шавад.
Зиндагиям бо ту бас ширин бувад,
Офтоби умри ман шаҳдбор шавад.