Меню

Вақти рафтан

Вақти рафтан аз барат хомӯш бо чашмони тар,
Дар дилам сад доғи ҳиҷрон ҳастиям, ки бешарар.
Сар ба поям дард-дарду ишқи ту дар қалби зор,
Хотироти ишқи ту кардаст, маро хуни ҷигар.
Баъди рафтан, ҳеҷ магӯ, ки ҳайфи мову ишқи мо!!!!
Шодиҳо бо гиря мегардад кунун, ки ҳамсафар,
Ин ду чашмам хира мегардад, дар пеши назар.
Осмони бахти ман гӯё, ки бо абрҳои худ,
Бахти манро тира сохта мекунад, бешоху барг.
Баъди рафтан ҳеҷ магӯ, ки ҳайфи мову ишқи мо!!!
Гар бидори дӯстам, пас баҳри чи шӯру мағал,
Ту биё, ки бо навозишҳо бикун манро бағал.
Зиндагони баҳри мо, ки барнамегардад дигар,
Ишқро бо хоки раҳ барбод насозем ин қадар,
Пас нагӯ, ки баъди рафтан ҳайфи мову ишқи мо!!!
Гуфти:"Бе ту гӯиё ин тан бувад бе ҷон маро,"
Баҳри чӣ ин қадр кӯши дар оташи сӯзон маро,
Меравам аз даҳри ғамофар як рӯзи ҳаёт,
Ту дар ин даҳри ҳаваскуш, кушти ормони маро,
Пас нагӯ, эй ёри ман сад ҳайфи мову ишқи мо!