Баҳор
Баҳор мерасад, зи нав!
Дилам зи хонааш фирорӣ мешавад,
Ба куҳу даштҳои олами дигар,
Дилам барои диданаш, басо хуморӣ мешавад.
Баҳор ишва мекунад, ҳаме ба нозу бо итоб,
Гӯё, ки ханда мекунад, ба қалби хастаю хароб.
Баҳор ханда мекунад, ба ҳоли зори ишқи ман,
Дилам аз ишқ заъфарон, гаҳе зи дард дар азоб.
Дигар бас аст гиряҳо, ҳам он чашми ғамбаҳо,
Ба қалби дардманди ман дигар макун, ту шикваҳо.
Баҳор мерасад зи нав, дилам зи ғам раҳо бикун,
Маро дар ишқ боз зи нав адо бикун, адо бикун.
Тамоми ғам бубар зи дил, маро ту ҳамнаво бишав,
Ба қалби хастаи дилам, даво бишав, даво бишав.
Бубар зи ман ғуссаҳо!
Бубар ҳар он чи носазост!
Маро ба худ адо бикун,
Маро зи нав садо бикун.
Баҳор мерасад, зи нав!
Дилам фирорӣ мешавад,
Ба олами пур аз вафо,
Дилам хуморӣ мешавад.
Баҳор мерасад, зи нав!
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка телеграма