Баҳорон мерасад
Баҳорон мерасад, ин дил ба мисли тифли гирён аст,
Ҳама дарду аламҳоям, зи чашми ман, ки пинҳон аст.
Агарчи зиндагониям, ҳаме бо дарду ғам бигзашт,
Дили ман ин замон, бо ашки шодӣ баски хандон аст.
Тамоми сарнавиштамро мисоли абри осмонҳо,
Яко-як ман шуморидам, ки ӯ аз ман гурезон аст.
Баҳорон мерасад, ин дам дилам парвона мегардад,
Агарчи Интизорро, ки ҳамеша ашк ба миҷгон аст.
Умеду орзуҳоям, ба мисли ахтаре дар шаб,
Зи кӯйи хостанҳоям, басо дур аз гулистон аст.
Баҳорон кош, ту манро, зи ғам озод гардонӣ,
Ки охир ин ягона орзу дар ҷисми нимҷон аст.
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка подписчиков в тик ток