Меню

Ман кистам

Ман кистам, дар ин ҷаҳон?
Як ошиқи девонаям,
Як ошиқи шуридадил, аз ҳаҷри ёр афсонаям.
Чашмони хуморолудам ишқро таҷҷасум мекунад,
Дар зери чатри зиндагӣ парвонаам, парвонаам.
Афсонаи ишқи маро, то Каҳкашон парвозҳо,
Як кафтари ошиқнавоз белонаам, белонаам.
Лутфу карам месозаму дар пеши пойи зиндагӣ,
Дар хирмани меҳру вафо дурдонаам, дурдонаам.
Соғар бишуд, лабрези ишқ пур шуд, висоли умри ман,
Дар соғари минои худ паймонаам, паймонаам.
Дилхастагӣ, побастагӣ дар ҷодаи ишқу вафо,
Маҳкам бисозад, дасту по завлонаам, завлонаам.
Ишқу муҳаббат пешаам, савту наво андешаам,
Ман Интизор баҳри ту ёр ягонаам, ягонаам.