Ватан
Ватан-ҳастию ҳам буду набудам,
Ватан-ҳам модару ҳам тору пудам.
Ватан-сарчашмаи шеъру сурудам,
Худо аз чашми бад эмин бимонӣ,
Аё, эй ҳастиям андар суҷудам.
Ҳама оби сафоятро парастам,
Ҳам он боду ҳам он хокат парастам,
Ҳама меҳру вафоятро парастам,
Худо аз чашми бад эмин бимонӣ,
Аё, эй миллати оринажодам.
Ватан-аз ту агар як лаҳза дурам,
Ба чашму қалби покам носабурам
Сиришки хомаам андар замирам,
Худо аз чашми бад эмин бимонӣ,
Аё, эй Меҳанам, эй дилпазирам,
Ки ман дилро зи ту асло нагирам.
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка телеграма