Меню

Хандаҳоям

Хандаҳоям гоҳ-гоҳе тарк месозад маро,
Бо ҳама дарду алам беёд месозад маро.
Гар бихоҳам ханда созам, ғам биёяд рӯ ба рӯ,
Зиндагӣ дар кӯйи худ барбод месозад маро.
Сӯхт тану ҷонам зи дард он ҳамдамам дур аз барам,
Дарди бедармони ман фарёд месозад маро.
Дур аз ман мекуниям, бо муҳаббатҳо садо,
Он муҳаббатҳои ту дилшод месозад маро.
Ишқи ту ҳаст, як табиби дарди бедармони ман,
Ошиқиҳои ману ту шод месозад маро.
Гарчи аз ҳам дур ҳастем, эй азизам ин замон,
Дури аз оғӯши гармат об месозад маро.
Ту биё бар рӯйи болинам бишав дармони ман,
Ин дили ошиқнавоз имдод месозад маро.