Меню

Наметарсам

Зи торикии шом ман ин замонҳо сахт метарсам,
Битарсам, ки ба рӯзи софу беҳамто наоям рӯ ба рӯ дигар.
Зи дарди дар вуҷудам буд, ман ҳар бор метарсам,
Маро қисмат ба ҳар шодӣ наорад, мӯ ба мӯ дигар.
Ман аз он рафтани ҷонам,
Ҳама орзую ормонам,
Будан дар ишқ пазмонам,
Гаҳе хандону гирёнам.
Гумонат, ман зи инҳо сахт метарсам??
На ҷонам! На! На ҷонам!
Зи ҷон бахшиданам дар рӯйи дунё,
Ҳеҷ наметарсам!
Фақат аз ишқи волои ту метарсам,
Ки бе ман зиндагиятро чи хел созӣ?
Ки охир ту ба ҳар ҷое ба ишқи ман, ки менозӣ,
Ки дунёят вуҷудат пур зи ишқи ман,
Ки бе ман рӯйи ин дунё ба ки ту шеър мебофӣ?
Вуҷуди пурфурӯғатро гаҳе бо гиряам мебозӣ,
Гаҳе бо шодиҳо масрур маро дар худ, ки месозӣ.
Маро аз рашк месӯзию ту худ олами розӣ,
Бигӯйи бо муҳаббат ту, ки "Рашкбону"-и қалби ман,
Ту ин "Рашкбону"-и худро ба хоки роҳ биомезӣ.
Пас инро дон азизи ман!
Ман аз мурдан наметарсам, зи ҷон додан наметарсам.
Фақат тарсам, ки бе ман хор хоҳи шуд,
Дар ин дунё ғамофар басо афгор хоҳи шуд.
Вале инро намехоҳам! Ман инро ҳеҷ намехоҳам!