Меню

Туро фарёд хоҳам кард

Агар гуфтам, ки шаҳри ишқи манро ёр ту султонӣ,
Самои хонадонамро, гаҳе боди баҳоронӣ.
Гаҳе шоди бубахшои, гаҳе ғамро биафзоӣ,
Ба рағми шодию ғамҳои овардат,
Туро бо хештан ҳамбол хоҳам кард, туро фарёд хоҳам кард.
Агар гуфтам, ки қалби оташинамро бикун хомӯш,
Агар гуфтам, ки ишқи пуршарорамро макун мадҳуш,
Ба зери чархҳои зиндагонӣ бо тую бо дил,
Дили дар ишқ беҳушам, туро ҳамбол хоҳам кард,
Туро фарёд хоҳам кард!
Агар гуфтам, ки ман дар зиндагонӣ зору танҳоям,
Ба ин рӯзи баҳорон аз ғамат бо ашк яктоям,
Ба дунёи ҳавасҳоям, дилам омад ба парвозе,
Барои он ҳама орзую ормонҳо,
Туро бар қисматам ҳамроҳ хоҳам кард,
Туро фарёд хоҳам кард!