Меню

Ғам

Ғам маро машҳур созад дар ду олам бок нест,
Ғам ба кӯйи турбатам бо гиря омад шод нест.
Ғам, агар дилдодаи бемеҳр ҳам гӯяд маро,
Ман зи олам меравам, танҳо, ки ғамро мебарам,
Ҷуз ғаму дард аз бароям, ҳеҷ як дилсӯз нест.
Ман бигӯям шеър ҳар гоҳе ба сад дарду алам,
Пас маро маъзур доред, айби ин дил, ин қалам.
Андарин дил ҷуз ба ғам ҳеҷ шодие маскан нашуд,
Ман ғами дилро бигирам, бо муҳаббат аз қалам.
Ашк тарки дидагонам кард, аз рашки зиёд,
Ин дили зорам бисӯхт, ҳар лаҳза бо ранҷу итоб.
Чашм пӯшидам ба ҳар як фитнаҳои рӯйи даҳр,
Шеъри пуролуда бо ғам, бо касе ҳамдам нашуд,
Ҳеҷ кас чун ман ба ёраш сарвару ҳампар нашуд.
Зиндагӣ манро ба худ бозича месозад халос,
Гаҳ манро мегудозад, бо ҳама шебу фароз.
Гарчи саҳни зиндагӣ майдони пурбору бар аст,
Мисли кабки дар қафас ҳар рӯзи умрам музтар аст.
Пас ба ҷуз ғам аз бароям ҳеҷ кас дилсӯз нест,
Гури торики ман, он дам бе ғамам пурнур нест.