Меню

Пушаймонам

Пушаймонам туро аз оғӯши гармам раҳо кардам,
Ба қалби хастаи худ боз дарди нав ато кардам.
Шудам дур аз барат нақши лабонат бар дилам бозмонд.
Ман он меҳру вафои ишқи покатро садо кардам.
Садоям дар гулӯ дармонд, дилам аз ишқ бозам сӯхт,
Зи ҳаҷри дурият, боз ман, ки охир гиряҳо кардам.
Садо кардам муҳаббатро, садоқатро, рафоқатро,
Ба қалби синачокам шӯру исёне ба по кардам.
Биё, эй нури чашмонам, туи дорую дармонам,
Ки ман аз рафтани ту боз ҳам ошуфта гирёнам.
Биё бишнав садоямро, навоямро, вафоямро,
Ки баъди рафтанат ин дарди ишқро ман шифо кардам.