Меню

Нола

Ноларо гуфтам, ки пинҳон даркашам, дил ба фарёд омаду гӯшам накард,
Аз фиғонам кар бишуд афлок ҳам, лек ғамам дар сина хомӯшам накард.
Нолаҳои зори ман бишнид фалак, бо сабури гуфт, сӯям он замон,
Интизорро шодиҳо бо дилхуши, хуш пазируфт, лек оғӯшат накард.
Шодиҳоро хостам гирд оварам, ҳам яко-як бишмарам дар пеши ғам,
Бар ӯ гӯям бо муҳаббатҳо кунун: саҳфаҳои ту зиёданду на кам.
Дарди ҷонкоҳе биёмад дар вуҷуд, оташаш завлона зад, дар як замон,
Он табиб дар рӯйи болинам нишаст, бехабар аз дарди зӯри беамон.
Хандаҳои рӯяки сохт ӯ ба ман, пас нигоҳаш ҷониби дигар гирифт,
"Интизорро ту ба ин мардонагӣ, пас чаро бар худ, ки номи зан гирифт?"
Ман занам, лек рухи ман мардона аст, дар вуҷудам дарду ғам парвона аст,
Бо сабури лек дар ин дунёю даҳр, боз дар пеши фалак бечора аст.
Гарчи дарди зиндагӣ бо печутоб, ноз-нозон гирди мо давр мезанад,
Бо ҳама бехудакориҳои худ, умри манро баъд аз ин пас мезанад.
Ман зи дарду марг наметарсам дигар марг-марг аст, мебарад пиру ҷавон,
Шеърҳои ман, маро рӯйи ҷахон зинда созанд, дар ҷаҳони бекарон.