Меню

Баъди маргам

Баъди маргам ҳоли ёр чун мешавад,
Зиндагияш сар ба сомун мешавад.
Аз ғами ман нолаю афғон кунад,
Дарди ишқам боз афзун мешавад.
Ёд меорад, ману он ишқи ман,
Зору нолон гоҳ гирён мешавад.
Андарин дунёи пурмакру фиреб,
Интизор гӯён, ӯ ҷӯён мешавад.
Чун бихонад мисраҳои шеъри ман,
Ӯ дар ишқам ҳамчу Маҷнун мешавад.
Чунки дар ҳар мисраам ишқи ӯ ҳаст,
Рӯйи роҳам хок ба домун мешавад.