Шодиҳои ту бароям аз ҳама ганҷ беҳтар аст
Загрузка ...
Нағз медонам, туро ин ишқи ман тоҷ бар сар аст,
Бе ману бе ишқи ман ғамҳо туро, ки ёвар аст.
Офтоби ишқи ман равшан бисозад роҳи ту,
Зиндагият, бе ман, эй ёр, чун ғулому чокар аст.
Заврақи ишқам расонад, боз манро бар мурод,
Гарчи он селобаи дарё маро, ки раҳбар аст.
Кош қисмат бахти манро мисли оби соф кунад.
Ишқи ту ин қисмати манро ҳамеша сарвар аст.
Эй азизи ҳарду дида, шод бошӣ ҳар куҷо,
Шодиҳои ту бароям аз ҳама ганҷ беҳтар аст.